Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон дар амалиёти низомӣ 5 тундрави исломӣ кушта шуданд


Дар Доғистон 5 тундрав ва дар Қабардино-Балқар як тундрави исломӣ кушта шудаанд. Нируҳои интизомии Доғистон рӯзи панҷшанбе гуфтанд, ки нируҳои амниятӣ дар ҷараёни як амалиёти шабонаи зиддитеррористӣ 4 нафари онҳоро дар наздикии шаҳраки Губден ба қатл расонданд.

Як амалиёти дигар дар Шамхол Янгиюрт идома дорад. Тундрави панҷум дар ҳамон ҷо кушта шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Қабардино-Балқар ҷумҳурии дигари Қафқоз, шаби чаҳоршанбе як тундрав дар деҳаи Исломеӣ ҳадафи тир қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG