Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасони СММ мегӯянд, шӯришиён гази "сарин" истифода кардаанд


Карла Дел Понте
Карла Дел Понте
Як бозрасони аршади СММ мегӯяд, далелҳое, ки то ҳол ҷамъоварӣ шудааст, гувоҳӣ медиҳад, ки шӯришиёни Сурия аз аслиҳаи кимёвӣ истифода кардаанд. Хонум Карла Дел Понте-узви кумиссиюни мустақили СММ роҷеъ ба масъалаҳои Сурия ин нуктаро дар мусоҳибае бо телевизиони итализабони Шветсия изҳор доштааст.

Хонум Дел Понте гуфт, бозрасон осебдидагон дар кишварҳои ҳамсоя ва табибонеро, ки онҳоро муолиҷа мекунанд, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Ба гуфтаи Дел Понте, шӯришиён дар Сурия аз гази “сарин” истифода кардаанд.

Аз сӯи дигар Дел Понте гуфтааст, ки ин кумиссиюн дар бораи истифодаи аслиҳаи кимёвӣ аз ҷониби ҳукумати Сурия далеле дар даст надорад. Аммо Дел Понте нагуфтааст, ки ин газро шӯришиён кай истифода кардаанд.

То ҳол ҷониби ҳукумат ва шӯришиён якдигарро дар истифодаи аслиҳаи кимёвӣ муттаҳам мекарданд.
XS
SM
MD
LG