Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди собиқи додгоҳи Фирдавсиро зиндонӣ карданд


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе котиби собиқ дар ин додгоҳро бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Дар дафтари матбуоти додгоҳ 3 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ Амриддин Шоев, ки писари муовини раиси ноҳияи марзии Шӯрообод аст, ба қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир гунаҳкор донист ва ҳукми ӯро рӯзи панҷшанбе 2 май эълон кард. Амриддин Шоевро тақрибан се моҳ пеш дар маҳаллаи “Саричашма”-и ноҳияи Шӯробод воқеъ дар марзи Афғонистон бо килограмм маводи мухаддир дастгир карданд. Падари Амриддин, Шоислом Шоев, дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин ҳодиса “аслан хабар надорад ва чизе намедонад” ва сӯҳбатро қатъ кард.
XS
SM
MD
LG