Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамагӣ 4 дарсади ҷавонони тоҷик ба масҷид мераванд


Натоиҷи як таҳқиқот дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ин кишвар ҳамагӣ 4 дарсади ҷавонон ба масҷид мераванд. Муаллифи ин таҳқиқот Абдулоҳи Роҳнамо рӯзи 30 апрел дар ҳамоиши «Нақши масҷидҳо дар ҷомеаи тоҷик», ки бо иқдоми Оҷонсии иттилоотии «Азия плюс» сурат гирифт, гуфт, ки тибқи ин назарпурсӣ, ҳамагӣ 4 дарсади ҷавонон ба масҷидҳо мераванд. Абдуллоҳи Роҳнамо таъкид кардааст, ки овозаҳои дар мавриди ин, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷавонон бештар ба масҷид мераванд ва ба масҷид ҷалб шудаанд, асосе надорад. Таҳқиқоти мазкур маълум кардааст, ки теъдоди начандони зиёди ҷавонон ба масҷид мераванд ва намоз мегузоранд. Дар ҷараёни ин таҳқиқот аз ҳамаи масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ҳангоми намозҳои ҷумъа, назарпурсӣ анҷом дода шудааст.
XS
SM
MD
LG