Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу Абдураззоқов дар Бишкек кор хоҳад кард


Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик ба Қирғизистон рафт. Ӯ дар театри «Учур» («Лаҳза») -и Бишкек асари Чингиз Айтматов «Плаха» (“Кунда”) - ро ба саҳна мегузорад. Абдураззоқов қаблан дар ин театр намоиши “Роҳи дур то Макка”-ро низ рӯи саҳна оварда буд.
Барзу Абдураззоқов ба тозагӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар ҷашнвораи байналмилалии Чехов ширкат варзид. Ду сол пеш намоиши «Нидо»-и ин коргардони тоҷик дар ин ҷашнвора беҳтарин намоиш эътироф шуда буд.
Аммо дар ҷашнвораи ахири театрии Тоҷикистон» «Парасту», ки ибтидои моҳи апрел дар Душанбе баргузор шуд, ягон намоиши Барзу Абдураззоқов пешниҳод нашу, ки ин сарусадоҳоеро миёни ҳаводорони театр ба вуҷуд овард.
XS
SM
MD
LG