Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Ҳомид Карзай дар Бруссел бо Ҷон Керрӣ мулоқот мекунад


Ҳомид Карзай бо Андерс Фоғ Расмуссен дар Бруссел
Ҳомид Карзай бо Андерс Фоғ Расмуссен дар Бруссел
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон вориди Бруссел шуд. Вай рӯзи чаҳоршанбе дар ин шаҳр бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ва мақомоти аршади ҳукумати Покистон мулоқот ва раванди сулҳи Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Рӯзи сешанбе Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО бо Ҳомид Карзай дар қароргоҳи НАТО дар Бруссел мулоқот кард. Расмуссен қавл дод, ки баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон низ НАТО ин кишварро танҳо нахоҳад гузошт.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ Кобул шикоят кард, ки Исломобод ваъдаҳои худро дар бораи таъмини сулҳ дар Афғонистон иҷро намекунад
XS
SM
MD
LG