Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Чак Ҳагел аз Ховари Миёна шурӯъ шуд


Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико, гуфтааст, кишвараш ва Исроил дар барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон “айни хатарро” мебинанд. Ӯ дар ин бора қабл аз вурудаш ба Тел Авив, пойтахти Исроил сухан гуфт. Чак Ҳагел бори аввал аст, ба ҳайси вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, ба Ховари Миёна сафар мекунад. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, қарордоди чандмиллиарддоларии фурӯши аслиҳаи амрикоӣ ба Исроил “паёми возеҳе” ба Эрон аст, ки ҳамла ба таъсисоти атомии он ҳамчунон як гузинае боқӣ мемонад. Бар асоси ин қарордод, Амрико ба Исроил, мушакҳои маҳвкунандаи системаи дифоъи зиддимушакӣ, радарҳои пешрафта барои ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои боркашу сӯхтбар мефурӯшад. Чак Ҳагел ҳамчунин ба Урдун, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG