Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди иқтисоди Тоҷикистон кундтар хоҳад шуд


Сандуқи байналмилалии пул дар гузориши наваш танҳти унвони “Дурнамои иқтисоди ҷаҳон-2013” навишт, ки суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон имсолу соли оянда кундтар хоҳад шуд. Ин ниҳод рушди иқтисоди Тоҷикистонро имсол дар ҳудуди 7 ва соли оянда 6 дарсад пешбинӣ мекунад. Ин дар ҳолест ки дар соли 2012 ин нишондиҳанда 7,5 дарсад буд. Бо ин ҳол, бино ба ин пешбинӣ, қиматҳо дар Тоҷикистон имсол 7,7 ва соли оянда 7 дарсад боло хоҳанд рафт, ки назар ба 5,8 дарсади соли 2012 хеле баландтар аст. Сандуқи пул мизони рушди иқтисоди Русияро 3,1 дарсад пешбинӣ мекунад, ки назар ба 3,8 дарсад пешбинии моҳи октябраш пойинтар аст.
XS
SM
MD
LG