Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи додгоҳии раиси ҲНИТ ва шаҳрдории Душанбе


Имрӯз дар додгоҳи пойтахт мурофиаи парвандаи шаҳдории Душанбе бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ пас аз таъхири якҳафтаина оғоз шуд. Бузургмеҳр Ёров вакили дифои Муҳидин Кабирӣ рӯзи 16-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки рузи сешанбе мурофиа оғоз шуд ва дар он намоянадгони шаҳрдорӣ низ ширкат доранд. Бузургмеҳр Ёров меафзояд. ки мурофиаи мазкур аслан аз рӯи шикояти онҳо ба қарори додгоҳи ноҳияи Имоили Сомонӣ сурат мегирад. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қаблан бо содир кардани қарори худ, аз Муҳиддин Кабирӣ хост, ки аз шаҳрдорӣ узр хоҳад. Додгоҳи пойтахт бо назардошти печидагиҳо дар баҳси мазкур, мурофиаро дар ҳафтаи гузошта ба таъхир гузошта буд.
XS
SM
MD
LG