Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазири дифои Қазоқистон бо Эмомалӣ Раҳмон


Вазири дифои Қазоқистон Адилбек Ҷаксибеков рӯзи душанбе вориди Тоҷикистон шуд ва бо Шералӣ Хайруллоев дар робита ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши низомӣ мулоқот кард. Ба дунболи он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири дифои Қазоқистонро ба ҳузур пазируфт. Дафтари матбуоти президенти Тоҷиткистон рӯзи 15-ум апрел ба «Озодӣ» иттилоъ дод, ки дар нимаи дуввуми имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифои Қазоқистон Адилбек Ҷаксибеков мулоқот кард. Дар мулоқот масоили вобаста ба амнияти минтақа, аз ҷумла авзои феълии Афғонистон ва ҳамкории ҳарбмм Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд. Ба қавли Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, дар дидори Вазирони дифои Тоҷикистону Қазоқистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши низомӣ ва баргузор кардани машқҳои низомии муштарак баррасӣ шуданд. Дар ин дидор таъкид карда шуд, ки машқҳои низомии неруҳои мусаллаҳои ҳарду кишвар афзоиш дода шавад. Дар моҳи ноябри соли гузашта вазорати дифои Тоҷикистон бо Қазоқистон машқи низомии муштараки десантии неруҳои мусаллаҳи ҳар ду кишварро дар масъалаи зидди терроризм баргузор карданд.Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи Созмони паймони ҳамкориҳои дастиҷамъии кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Созмони Шонҳой ва ҳамчунин дар доираи созишномаҳои дуҷониба ҳамкории фаъоли низомӣ доранд
XS
SM
MD
LG