Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 22 нафар дар таркишҳо дар Ироқ


Дар чанд шаҳри Ироқ бар асари силсилаи таркишҳо 22 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан сад каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора ба хабаргузории Associated press кормандони полис ва табибон иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки 21 нафар дар ҳамлаҳо дар Бағдод ҷон бохтаанд. Таркишҳо дар Фалуҷаҳ, Киркук ва шаҳрҳои дигар ҳам мунҷар ба ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шуданд.

Ҳамлаҳои террористӣ дар ҳоле рӯй доданд, ки қарор аст баъд аз панҷ рӯз – 20 апрел дар 12 вилояти Ироқ интихобот ба мақомоти маҳаллӣ баргузор шавад. Ин маърака дар шаш шаҳри боқимонда баъдан сурат мегиранд.
XS
SM
MD
LG