Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: "Ким Ҷонг Ун хатои азиме хоҳад кард"


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, таҳдидҳои Куриёи Шимолӣ бо ҷанг ғайриқобили қабул аст ва “агар зарур шавад, Амрико шариконаш ва худашро дифоъ хоҳад кард." Ӯ, ки рӯзи ҷумъа дар шаҳри Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ сухан мегуфт, афзуд: “Мехостам аз пеш бигӯям, ки партоби мушак аз Куриёи Шимолӣ як хатои азими Ким Ҷонг Ун хоҳад буд, зеро кишвару мардумашро мунзавитар хоҳад кард, ки онҳо на ба партоби мушак, балки ғизо эҳтиёҷ доранд.“ Ҷон Керрӣ ҳамчунин гуфт, Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ мехоҳанд, Нимҷазираи Куриё ором ва орӣ аз силоҳи атомӣ бошад. Пештар аз сафари вазири амрикоӣ ба Сеул, маъмурони амниятии Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, Куриёи Шимолӣ ба эҳтимоли ғолиб, қодир аст, кулоҳаки ҳастаиро ба мушаки баллистикӣ насб кунад. Вале вазорати дифоъи Амрико гуфт, Куриёи Шимолӣ қудрати комили партоби мушаки атомӣ надорад. Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ ҳафтаҳои ахир чандин бор таҳдид кард, ки ба Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ бо силоҳи атомӣ ҳамла мекунад ва гуфт, кишвараш дар ҳоли ҷанг бо Куриёи Ҷанубист.
XS
SM
MD
LG