Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ ба дипломатҳои хориҷӣ ҳушдор дод


Куриёи Шимолӣ рӯзи ҷумъа ба сафоратҳои хориҷӣ ҳушдор додааст, дар сурати сар задани низоъе амнияти онҳоро замонат дода наметавонад ва дипломатҳо бояд сари масъалаи тарки кишвар андеша кунанд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, Куриёи Шимолӣ ба ҳамаи сафоратҳои хориҷӣ чунин дархосте фиристодааст. Ба гуфтаи Сергей Лавров, Русия ва кишварҳои дигар талош доранд, “вазъро возеҳтар кунанд.” Таҳаввулоти мазкур дар ҳолест, ки таниш дар нимҷазираи Куриё авҷ мегирад. Рӯзи ҷумъа гузориш шуд, ки Куриёи Ҷанубӣ ду киштии ҷангии муҷаҳҳаз бо системаи зиддимушакиро ба соҳилҳои шарқӣ ва ғарбиаш фиристодааст. Ҳаракати мазкур посух ба Куриёи Шимолӣ аст, ки мушакҳояшро ба қаламрави Куриёи Ҷанубӣ наздик овардааст. Ҳафтаи гузашта Пхенян эълом кард, ки дар ҳоли ҷанг бо Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG