Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини президенти Ҳинд ба Тоҷикистон меояд


Ноиби аввали раиси ҷумҳури Ҳинд рӯзҳои 14-17 апрел аз Тоҷикистон дидан менамоянд. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 5-уми апрел ба хабарнигорон гуфт, ки дар барномаи сафари ноиби раиси ҷумҳури Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ, мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти тоҷик дар назар аст. Дар доираи ин сафар қарор аст вай аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ дидан намуда ва бо фаоълияти ин донишгоҳ ошно шавад. Тибқи барномаи сафар, муовини раиси ҷумҳури Ҳинд аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб низ дидан менамояд.
XS
SM
MD
LG