Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ аз амалкарди мақомоти Русия


Аъзои Шӯрои Ҳуқуқи Башари вобаста ба раиси ҷумҳури Русия имрӯз идомаи тафтиши фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин кишварро интиқод карданд. Дар нишасти хабарие дар Маскав, Сергей Кривенко, ки узви ин шӯро ва ҳам аъзои созмони ҳомии ҳуқуқи “Мемориал” аст, гуфт ки чунин тафтиши дафтарҳои созмонҳои ғайриҳукуматӣ “дар 25 соли ахир мушоҳида нашуда буд.” Ӯ тафтишҳои мақомоти интизомиро ба аҳди тарсноки Сталин дар шӯравии собиқ монанд кард. Аз ҳафтаи гузашта то кунун мақомоти интизомии Русия аз даҳҳо созмони ғайриҳукуматӣ хостанд, ки санадҳои сабти ном ва муҳосиботи молиашонро ба онҳо бидиҳанд. Людима Алексеева, раиси гурӯҳи Ҳелсинки дар Маскав гуфт, ки мақомоти расмӣ ҳамин наздикӣ ба дафтари онҳо низ омадаанд:"Намояндагони вазорати адлия ва додситонӣ омада, аз мо хостанд, ки баъзе аз санадҳоямонро бидиҳем. Мо онҳоро нусхабардорӣ карда ба дасташон додем ва гуфтем, ки бақияи санадҳоро баъди омода шудан ба онҳо хоҳем дод." Аз ин пеш асноди созмонҳои Мемориал, Ҳюман Райтс Вочт ва Авфи Байналмилалро ҳам барои таҳқиқ гирифтаанд. Павел Чиков, узви Шӯрои Ҳуқуқи Башари Русия гуфт, ин амалкард, эҳтимолан ба хотири таҳдид ва фалаҷ кардани кори созмонҳои ғайриҳукуматист. Мақомоти Русия мегӯянд, мехоҳанд, бидонанд, ки оё кори ин созмонҳо ба қонуни нави сармоягузории чунин созмонҳо аз хориҷ мутобиқат мекунад.
XS
SM
MD
LG