Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири муваққати Покистон савганд ёд кард


Мирҳазорхон Кҳусу
Мирҳазорхон Кҳусу
Қозии мустаъфӣ Мирҳазорхон Кҳусуи 84-сола ба ҳайси сарвазири муваққати Покистон савганд ёд кард. Ӯ бар ҷараёни интихоботи саросарӣ, ки 11 май доир мешаванд, назорат хоҳад кард. Баъди онки аҳзоби сиёсӣ натавонистанд бар сари номзад ба ин мақом тавофуқ кунанд, Куммиссиюни интихобот аз байни 4 номзади пешниҳодкардаи сарвазири қаблӣ ва раҳбари мухолифин дар парлумон Кҳусуро пазируфт. Кҳусу акнун кобинаи муваққат ташкил дода, то интихоби сарвазири оянда дар парлумони ҷадид умури идории давлатро ба дӯш мегирад. Интихоботи 11 май нахустин мавриди таҳвили демократии қудрат дар 67 соли таърихи Покистон аст, ки дар ин муддат шоҳиди 3 табадуллоти низомӣ ва 4 ҳокими низомӣ будааст.
XS
SM
MD
LG