Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишондодҳои демократия дар ҷаҳон ба нашр расид


Маркази мутолеоти иқтисодӣ гузориши солонаи худро дар бораи нишондодҳои демократия дар соли 2012 ба нашр расонд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар давоми ин сол пешрафти муҳиме дар ин замина мушоҳида нашудааст ва ақибравӣ ҳам дида намешавад. Нишондодҳои умумӣ тақрибан мисли соли 2011 боқӣ мондааст.

Барои омӯзиши вазъи демократия дар 165 кишвари мустақил ва дар ду қаламрав пурсиш анҷом гирифтааст ва он тақрибан тамоми аҳолии сайёра ва кишварҳои ҷаҳонро фаро мегирад.

Нишондодҳои демократия аз рӯи 5 омил анҷом гирифтааст: равандҳои интихоботӣ ва гуногунандешӣ, озодиҳои шаҳрвандӣ, фаъолияти ҳукуматҳо, саҳмгирӣ дар фаъолиятҳои сисёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ.

Дар гузориши мазкур Тоҷикистон дар зинаи 151 ҷой гирифтааст. Дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин Молдова дар баландтарин зина, яъне дар зинаи 67 қарор дорад.

Украина дар зинаи 80, Гурҷистон дар зинаи 93, Қирғизистогн зинаи 106, Арманистон 114, Русия 122, Беларус 141 ва Қазоқистон дар зинаи 143 ҷой гирифтаанд. Баъд аз Тоҷикистон Узбакистону Туркманистон дар ҷои 161 қарор доранд.
XS
SM
MD
LG