Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Сурия якдигарро дар ҳамлаи кимёвӣ муттаҳам мекунанд


Ҳукумати Сурия ва шӯришиён якдигарро муттаҳам кардаанд, ки дар наздикии шаҳри Ҳалаб ба ҳамлаи маргбори кимёвӣ роҳ додаанд. Хабаргузории давлатии Сурия бо номи SANA гуфтааст, ки гӯё дар ҳамлаи рӯзи сешанбе 25 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар осеб дидаанд.

Телевизиони давлатии Сурия навореро аз овардани осебдидаҳо ба бемористон нишон додааст ва гуфтааст, ки онҳо дар ҳамин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд.

Шӯришиёни шимоли Сурия ин иддаои давлати Сурияро рад кардаанд ва гуфтаанд, ки худи нируҳои режими Башор Асад ин ҳамларо оғоз кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия аз ин иддаои давлати Сурия ҳимоят кардааст ва гуфтааст, ки истифодаи силоҳи кимёвӣ аз тарафи шӯришиён “хеле нигаронкунанда аст”.
XS
SM
MD
LG