Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 афғон дар ҷазираи Пайғамбар


Кумитаи марзбонии Узбакистон хабар дод, ки дар як даргирӣ бо марзбонни узбак дар як ҷазираи Амӯдарё, ки Узбакистону Афғонистонро ҷудо мекунад, 3 афғон кушта ва якеи дигар захмӣ шудаанд. Марзбонони узбак мегӯянд, ки беш аз 30 афғонро рӯзи 14 март дар ҷазираи Пайғамбар дидаанд, вале онҳо ҳушдорҳо дар бораи тарки ҷазираро гӯш надодаанд ва талош кардаанд, силоҳҳои марзбононро зада бигиранд. Дар натиҷа задухӯрде рух додааст, ки мунҷар ба ҳалокати се афғон шуд. Афғонҳои дигар ба он сӯи Омӯ баргаштаанд. Тошканд мегӯяд, марзбонони афғон пас гирифтани аҷсоди куштаҳоро радд кардаанд.
XS
SM
MD
LG