Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия ба корбурди бомбҳои хӯшаӣ айбдор мешавад


Чирикиҳои Сурия яке аз бомбҳои хӯшаиро, ки нирӯҳои Сурия андохтаанд, намоиш медиҳанд
Чирикиҳои Сурия яке аз бомбҳои хӯшаиро, ки нирӯҳои Сурия андохтаанд, намоиш медиҳанд
Гузориши нави Human Rights Watch мегӯяд, ки режими Сурия истифодаи бомбҳои хушаиро дар набардаш бо нирӯҳои мухолифин афзоиш додааст. Гузориши ин созмони ҳуқуқи башар бо истинод ба таҳқиқоту наворҳои видеоӣ мегӯяд, нирӯҳои Сурия дар 6 моҳи охир ба беш аз 100 макон дастикам 156 бомби хӯшаӣ андохтаанд. Бомбҳои хӯшаӣ як таҳдиди дарозмуддат ба ҷони мардум унвон мешаванд, чунки зуд наметарканд. Бисёр кишварҳо истифодаи чунин бомбро манъ кардаанд. Ин гузориш рӯзе баъд аз солгарди дувуми оғози ошӯбҳо алайҳи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад нашр шуд. Ба ҳисоби СММ, дар ин муддат 70 000 тан кушта ва 4 миллион нафар беҷо шудаанд.
XS
SM
MD
LG