Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи 3 тоҷикро аз Русия ба Душанбе оварданд


Бино ба гузориши сомонаи «Озодагон», субҳи шанбе, 16 март, ҷанозаи 3 муҳоҷири фавтидаи тоҷикро аз Русия ба Душанбе оварданд. Марҷона Шерова, сокини 24-солаи ноҳияи Ҳисор, бар асари сӯхтор дар як ошхона дар ноҳияи Балашихаи Маскав ба ҳалокат расида, Манучеҳр Каримови 23-сола аз ноҳияи Ҷиликӯл зери дарахт монда, ҷон дода буд. Эшқобилов Турсунмурод, падари 5 фарзанд аз ноҳияи Турсунзода дар фурудгоҳи Маскав фавтидааст. Ҳамроҳ бо ин 3 ҷаноза Назришо Шеров, яке аз 6 муҳоҷири тоҷик, ки дар аввали ҳафта дар метрои Маскав аз ҷониби афроди ношинос корд хӯрда буданд, ба ватан баргашт. Наздиконаш мегӯянд, вазъаш мӯътадил аст ва таҳдиде ба саломати ӯ дигар вуҷуд надорад. Ҳарсол то 1 миллион нафар аз Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Бино ба омори расмӣ, соли гузашта дар Русия 1055 муҳоҷири тоҷик даргузаштаанд.
XS
SM
MD
LG