Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз додгоҳи Киев дар бораи Абдуллоҷонов тасмим мегирад?


Абдумалик Абдуллоҷонов
Абдумалик Абдуллоҷонов
15 март мурофиаи додгоҳии Абдумалик Абдуллоҷонов-нахуствазири пешини Тоҷикистон дар додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев давом мекунад. Ин мурофиа дирӯз оғоз ёфт.

Намояндаи гурӯҳи мудофеъи Абдумалик Абдуллоҷонов гуфт, “дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ далелҳои ҳарду ҷониб шунида шуд. Мо тамоми далелҳои худро дар заминаи бегуноҳии Абдуллоҷонов ва мақоми паноҳандагии ӯ пеш овардем. Ҷониби айбдоркунанда ҳам далелҳои худро дорад”.

Гурӯҳи мудофеи Абдуллоҷонов мегӯяд, ҷониби айбдоркунанда натавонистааст ҳамаи асноди заруриро барои айбдор эълон кардани Абдуллоҷонов муҳайё созад ва ба онҳо вақт додаанд, ки имрӯз ин аснодро омода кунанд.

Ҷониби Абдуллоҷонов асноди паноҳандагӣ дар Амрикоро ба додгоҳ пешниҳод кардааст. Интизор меравад, ки имрӯз додгоҳ ҳукми худро дар бораи боздошт ва ё раҳоии вай эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG