Кумитаи ҷоизаи Лоҳутӣ номи барандагони ин ҷоиза барои соли 2012-ро эълон кард. Озмун дар чаҳор бахш, барои «беҳтарин мақола дар васоити ахбори умум», «Беҳтарин маводи телевизионӣ», «Беҳтарин гуфтори радиоӣ» ва барои «беҳтарин мақолаи таҳқиқоти журналистӣ», гузаронида шуд ва дар он танҳо афроди узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикисон ширкат карданд. Дар миёни барандагони ҷоизаи имсола Илҳоми Ҷамолиёни, Мансур Сайфиддинов, Давлатхоҷа Назиров, Гуландом Ашӯрова, Гулчеҳра Сатторова, Қаҳҳори Расулиён, Зафари Сӯфӣ ва Беҳрӯзи Забеҳулло мебошанд. Ҳамасола ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ дар рӯзи Рӯзи матбуоти тоҷик, ки баробар ба 11-уми март мебошад, ба барандагон супурда мешавад.