Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 16 сарбози афғон дар Бадахшон


Ҷангиёни Толибон дар шимолушарқи Афғонистон 16 сарбози асирро тирборон кардаанд. Абдулмаъруф Росих - сухангӯи волии Бадахшон гуфт, ин сарбозони Урдуи миллиро рӯзи душанбе дар улусволии Вардуҷ асир гирифта, рӯзе баъд ҳамагиро тирборон кардаанд. Росих афзуд, 7 асири дигар бо миёнҷигии рӯҳониён ва сарони рустоҳо аз асорат раҳо ёфтаанд. Вилояти дурдасти кӯҳистонии Бадахшон то кунун аз ҳамалоти Толибон, ки пойгоҳҳои асосиаш дар вилоёти ҷанубии ҳаммарз бо Покистон буд, эмин ба назар меомад.
XS
SM
MD
LG