Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадорони ИМА вориди Душанбе мешаванд


Як ҳайати ҳукуматии Иёлоти Муттаҳида таҳти сарварии муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Линн Трейсӣ ва муовини ёвари вазири дифоъ дар умури Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Дэвид Сиднӣ рӯзҳои 27 ва 28 феврал меҳмони шаҳри Душанбе хоҳад шуд.

Ба иттилои сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе, қарор аст, ки ин ҳайат бо мақомоти ҳукумати Тоҷикистон авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ кунад. Ба ҳайати амрикоӣ намояндаи вижаи вазорати умури хориҷӣ оид ба Афғонистон ва Покистон сафир Ҷеймс Уорлик ва муовини фармондеҳи ситоди Нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амнияти Афғонистон (ISAF) генерал-майор Лоуренс Николсон низ шомиланд.
XS
SM
MD
LG