Санаи раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ дар Миср тағйир дода шуд. Бар пояи амри нав, ки ахиран раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ имзо кард, раъйдиҳӣ ба вакилони парлумон на рӯзҳои 27-28, балки рӯзҳои 22-23 апрел сурат мегирад. Овоздиҳӣ се рӯз пеш аз мӯҳлати қаблан эълоншуда, яъне рӯзи 24 июн, поён меёбад.
Рӯзҳои интихоботи парлумонӣ бо талаби насрониҳои Миср тағйир дода шуданд. Насрониҳо ба он нукта ишора карда буданд, ки аз чаҳор рӯзи раъйдиҳӣ дар се рӯзаш – 27 ва 28 апрел ва 5 май иди мазҳабии онҳо Пасха ё Иди Пок таҷлил мешавад.
Рӯзи шанбе яке аз раҳбарони мухолифин Муҳаммад ал-Барадеӣ ба таҳрими интихоботи парлумонӣ даъват кард.