Дар Италия интихоботи парлумонӣ шурӯъ шуд, Қарор аст, ки раъйдиҳӣ ду рӯз идома кунад.
Бар пояи назарпурсиҳои ахир, эътилофи чапумарказгарои Пиер Луиҷӣ Берсанӣ барои пирӯзӣ шонсҳои бештар дорад, аммо, ба гуфтаи коршиносон, гумон аст, ки мандатҳои барои ташкили ҳукумат заруриро соҳиб шавад.Берсанӣ ваъда додааст, ки раванди сарфаи шадиди буҷаро идома медиҳад, зеро он, аз нигоҳи ӯ, барои рафъи бӯҳрони иқтисодӣ ногузир аст.
Рақиби асосии эътилофи Берсанӣ – эътилофи ростумарказгарои Силвио Берлусконӣ маҳсуб мешавад. Берлусконӣ чаҳор бор мақоми нахуствазири Италияро ишғол кардааст.