Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО роҳҳои ҳамкорӣ бо Кобулу Киевро баҳс дорад


Вазирони дифоъи НАТО рӯзи дувум аст, ки дар Брюссел мавзӯъи ҳимояти молии нирӯҳои давлатии Афғонистон дар пайи хуруҷи нирӯҳои таҳти фармони НАТО дар соли 2014 ва роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Украинаро баҳс мекунанд. Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен қабл аз нишасти рӯзи ҷумъа гуфт, дар ин ҷаласа роҳҳои “таҳкими демократия ва ҳукми қонун” дар Украина ва “ҷомаи муносибтарини ҳамкории мо” дар амри ҳимоят аз ислоҳоти артиши Украина баррасӣ мешаванд.
Вазирони НАТО ҳамчунин барномаи то соли 2018 ба 350 000 нафар расондани нирӯҳои амниятии Афғонистонро баҳс мекунанд. Соли гузашта НАТО ҷиҳати таъмини молии 230 000 нирӯи амниятии афғон тавофуқ карда буд.
XS
SM
MD
LG