Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се гаравгони украинӣ ба ватанашон баргаштанд


Се шаҳрванди Украина, ки моҳи гузашта дар Тоҷикистон ба гарав гирифта шуда буданд, ба кишварашон баргаштанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки се шаҳрванди Украина, ки қаблан аз ҷониби кормандони Бахши умури дохила аз дасти як гурӯҳи гаравгонгирҳо раҳо шуда буданд, рӯзи шанбеи гузашта бо ҳавопаймо ба ватанашон баргаштанд. Дар ҷараёни гусели онҳо, ки рӯзи 16-уми феврал сурат гирифтааст, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури дохилаи Тоҷикистон, ҳамчунин кормандони сафорати Украина дар ин кишвар, ҳузур доштанд. Бино ба маълумоти мақомоти расмии Тоҷикистон, рабуда шудани соҳибкорони украинӣ 27-уми январ ошкор шуда, амалиёти раҳоии онҳо аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми январ ҷараён гирифтааст.
XS
SM
MD
LG