Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздии бузургтарини алмос дар фурудгоҳи Бруссел


Акси санги алмос
Акси санги алмос
Роҳзанҳои мусаллаҳ аз фурудгоҳи Бруссел ба маблағи 50 миллион доллар алмос рабудаанд. Сухангӯи фурудгоҳи Бруссел мегӯяд, роҳзанҳо шоми душанбе девори фурудгоҳро рахна карда, ду мошинро рост ба тарафи ҳавопаймои омодаи парвоз ба Швейтсария равона кардаанд. Ба гуфти намояндаи идораи додситонии Бруссел аня Бийенс роҳзанҳо сангҳои гаронбаҳоро берун бароварда, дарс амти номаълум ғайб задаанд. Дар ин ҳодиса ягон кас маҷрӯҳ нашудааст. Сухангӯи Маркази ҷаҳонии сангҳои гаронбаҳои шаҳри Антверпен гуфт, ин яке аз бузургтарин дуздиҳо дар таърих аст.
XS
SM
MD
LG