Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи мушкили Қибрис


Интихоботи рӯзи 17 феврали раёсатҷумҳурии Қибрис дар ҳоле мегузарад, ки наҷоти ин кишвари буҳронзадаи узви ИА аз варшикастагӣ дар рӯзнома истодааст. Агар Никос Анастасиадеси 66-сола аз ҳизби мухолифи Дисӣ дар даври аввал беш аз 50 фоизи ороро ба даст наорад, кор ба даври дувум хоҳад кашид, ки баъди ду ҳафта доир хоҳад шуд. Анастасиадес тарафдори созиш бо ИА ва Сандуқи байналмилалии пул барои дарёфти кумаки молист. Ин муомила, ки сармоягузорон низ онро мехоҳанд, метавонад асароти буҳрони молии ин ҷазираро барои боқӣ минтақаи евро коҳиш диҳад. Рақиби асосии ӯ ба мақоми раёсати юнониҳои Қибрис вазири собиқи ҳифзи сиҳҳат Ставрос Маласи 45-сола аст, ки аз сӯи ҳизби ҳокими коммунист ҳимоят мешавад.
XS
SM
MD
LG