Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои сангин дар шимоли Сурия


Ҳалаб дар рӯзи 15 феврал
Ҳалаб дар рӯзи 15 феврал
Даргириҳо байни нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳо дар шимоли Сурия шиддат гирифтаанд. Фаъолон мегӯянд, нирӯҳои давлатӣ рӯзи шанбе атрофи фурудгоҳ ва як пойгоҳи низомии ҳавоӣ дар шаҳри Ҳалабро тӯпборон карданд. Чирикиҳо ба як пойгоҳи дигари ҳавоӣ дар шарқи Ҳалаб низ чанд амалиёт кардаанд, ки ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои давлатиро дар ҷавоб дошт. Фаъолон дар бораи аз сӯи чирикиҳо тасарруф шудани як посгоҳи пулиси низомӣ дар ҳошияи теппаҳои Ҷӯлон, дар наздикии минтақаи ғайринизомии атрофи марзи Исроил хабар медиҳанд. Низомиҳои Исроил мегӯянд, 7 суриягии дар даргириҳои Ҷӯлон захмишударо ба як бемористон дар дохили Исроил бурдаанд. Дар ҳамин ҳол, раҳбари идораи ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллай хостори таҳқиқи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад бо ҷурми ҷиноёти ҷангӣ шуда, ҷомиаи ҷаҳониро ба иқдоми оҷил, бо шумули ирсоли эҳтимолии нирӯ, даъват кард.
XS
SM
MD
LG