Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як генерал ва як қозӣ дар Ироқ


Бомбгузори маргталаб дар наздикии Мусил дар шимоли Ироқ як афсари аршади амниятии артишро бо 2 муҳофизаш кушт. Пулис гуфт, ҳамлагар бомбро рӯзи шанбе дар назди манзили генерал Алӣ Аунӣ дар Талофар тарконд. Аунӣ раҳбари бузургтарин академияи амниятии Ироқ буд.Ҳамин тавр, як қозии суннӣ бар асари таркиши бомб дар мошинаш дар рустое дар шимоли Бағдод ҷон бохтааст. Бино ба хабарҳо, Аҳмад Байъатӣ, ки қаблан парвандаҳои зидди террорро таҳқиқ мекард, бояд барои раҳоии писараш, ки соли гузашта рабуда шуд, пул пардохт мекард. Масъулияти ҳамлаҳоро ягон гурӯҳ ба дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG