Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози поксозӣ дар маҳалли таркиши шиҳоб


Дар маҳалли суқути шиҳоби осмонӣ(метеор) дар кӯҳистони Урали Русия амалиёти густардаи наҷотдиҳиву поксозӣ шурӯъ шудааст. Вазорати ҳолоти изтирории Русия гуфт, ба ин амалиёт то 20 000 нафар ҷалб шудаанд. Инфиҷори рӯзи ҷумъаи шиҳоб дар вилояти Челябинск боиси фурӯ рехтани шишаҳо дар беш аз 4 000 сохтмон шуд. Бештари хисорот дар шаҳри Челябинск мушоҳида шудааст. Ҳудуди 1200 нафар ва ағлаб аз шишаҳои шикаста ҷароҳат бардошта, тақрибан 50 тан дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Мақомоти вилоят хисороти ворида бар асари инфиҷори шиҳобро 13 миллион доллар баровард мекунанд, вале вазири ҳолоти изтирорӣ Владимир Пучков гуфт, ин рақам метавонад боз ҳам биафзояд. Як пораи шиҳоб дар кӯли Чебаркӯл уфтода, қабати яхашро чанд метр шикофтааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҷамъияти тоҷикони Челябинск мегӯянд, бино ба гузоришҳои аввалия, касе аз шаҳрвандони тоҷики муқими вилояти Челябинск дар натиҷаи инфиҷори шиҳоби осмонӣ осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG