Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Ким Сунг Ҳван
Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Ким Сунг Ҳван
Шӯрои Амнияти СММ озмоиши сеюми ҳастаӣ дар Кореияи Шимолиро бо лаҳни шадид маҳкум кардааст. Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Ким Сунг Ҳван, ки кишвараш раёсати даврии Шӯрои Амниятро бар дӯш дорад, мегӯяд, озмоиш поймолкунии ҷиддии қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ аст. Ӯ афзуд, ки Шӯрои Амният посухи муносиби ин амалро андеша хоҳад кард.

Рӯзи сешанбе Кореяи Шимолӣ иброз дошт, ки озмоиш ин посухи аввал “ба душмании Амрико” аст. Озмоиши зеризаминии рӯзи сешанбе бузургтарин озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ будааст. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун бори дигар аз Кореяи Шимолӣ даъват кард, ки барномаи тавлиди силоҳи ҳастаиро канор гузорад.

Ӯ гуфт:
Ҳамроҳ бо тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ман аз раҳбарони нави Кореяи Шимолӣ бори дигар даъват кардам, ки кӯшишҳои тавлиди силоҳи ҳастаиро канор гузоранд, тавассути муколама бо аҳли олам нигарониҳоро рафъ кунанд ва ба эҷоди эътимод бо ҳамсояҳо, ба хусус Кореяи Ҷанубӣ, ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯй оранд.”

Дар пайи озмоиш президенти ИМА Барак Обама аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост намуд, ки дар ҷавоб ба ин амали мақомоти Пхенян ҷомеаи ҷаҳонӣ як посухи зуд ва қобили эътимод диҳад.
XS
SM
MD
LG