Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳди сарвазири Тунис дар рӯзи дафни Билод


Сарвазири Тунис Ҳамадӣ Ҷиболӣ мукарраран гуфт, ба хотири оддӣ сохтани танишҳо дар кишвар ба тасмимаш ҷиҳати мунҳал кардани ҳукумат ва ташкили кобинаи технократҳо пой хоҳад фишурд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа азодорони хашмолуди ҷамъшуда дар маросими дафни раҳбари кушташудаи мухолифин Шукрӣ Билод дар пойтахти Тунис бо пулис даргир шуданд. Ҳудуди 10 000 нафари дигар дар шаҳри ҷанубии Сидӣ Бӯзид – саргаҳи ошӯбҳои Баҳори Араб – гирд омаданд. Билод, ки нисбат ба ҳизби ҳоким - ҳизби мӯътадили исломии Ан-Наҳда – назари интиқодӣ дошт, рӯзи чоршанбе ҳангоми тарки манзилаш дар пойтахт кушта шуд.
XS
SM
MD
LG