Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусибат дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ


Бино ба хабари дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа дар натиҷаи як ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Кӯлоб- Хоруғ дар деҳаи Анҷироби ноҳияи Дарвоз ду нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи мошини Митсубисӣ Ҷамшед Ризмонов натавонистааст мошинро идора кунад ва он ба ҷарии 70 метрӣ сарозер шудааст, ки дар натиҷа мусофирон Иноят Додов ва Азизмоҳ Латифова ба ҳалокат расидаанд. Ронанда ҷароҳат бардоштааст ва вайро ба бемористон интиқол додаанд. Ҳар ду шахси кушташуда сокинони ноҳияи Дарвоз будаанд.
XS
SM
MD
LG