Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон нуқтаҳои табодули пули хориҷиро мебандад


Узбакистон аз 1 феврали соли ҷорӣ фурӯши пулҳои хириҷиро ба шаҳрвандонаш мамнуъ эълон кардааст. Рӯзи чаҳоршанбе Бонки Марказии ин кишвар эълон кард, ки табдили суми узбакӣ бо ҳар пули хориҷӣ танҳо аз кортҳои плостикии пардохт ба кортҳои плостикии пардохти хориҷӣ имконпазир хоҳад буд.

Нуқтаҳои табодули пул то замоне фаъол хоҳанд буд, ки шаҳрвандони Узбакистон ё хориҷӣ пулҳои хориҷии худро бо суми узбакӣ иваз мекунанд. Шахсони ҳуқуқӣ ва ширкатҳо аз ин қоидаҳои нав ё маҳдудият зарар нахоҳанд дид.

Бонки Марказӣ гуфтааст, ҳадафи ин тадбири нав мубориза бо истифодаи ғайриқонунии пулҳои хориҷист.

Ҳоло як доллар ба таври расмӣ баробар бо 1980 суми узбакист, вале дар бозори сиёҳ табодули он 35 дарсад болотар аст.
XS
SM
MD
LG