Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори тунди фармондеҳи артиши Миср


Генерал Абдулфатто Ас-Сисӣ дар мулоқот бо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ
Генерал Абдулфатто Ас-Сисӣ дар мулоқот бо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ
Фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Миср ҳушдор дод, ки буҳрони сиёсии феълӣ метавонад мунҷар ба суқути давлат шавад. Генерал Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, ки вазири дифоъ ҳам ҳаст, дар паёмаш ба донишҷӯёни академияи низомӣ чолишҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиеро, ки Миср дучор шудааст, баёнгари «таҳдиди воқеъӣ ба амният ва бақо»-и давлат номид. Тайи чанд рӯзи ошӯбҳо дар саросари Миср беш аз 50 нафар ҷон бохтанд. Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ, ки аз ҷониби исломиҳо ҳимоят мешавад, дар се шаҳри ошӯбзадаи соҳили канали Суэз барои як моҳ вазъи изтирорӣ ҷорӣ кардааст. Вале эътирозгарон шаби гузашта қуюди шабгардӣ дар Порт-Саид, Исмоилӣ ва Суэзро сарфи назар карда, дар Қоҳира ҳам бо нирӯҳои амниятӣ даргир шуданд.
XS
SM
MD
LG