Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Азсаргирии музокироти Сӯх

Музокирот ба хотири оддӣ сохтани авзоъ дар атрофи ҷазирақаламрави тоҷикнишини Сӯхи Узбакистон, ки аз 4 тараф дар иҳотаи вилояти Бодканди Қирғизистон аст, аз сар гирифта шуд. Волии Бодканд Ҷониш Раззоқов ба Озодӣ гуфт, музокира бо мақомоти Узбакистон ба хотири аз нав боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ ва роҳҳои атрофи Сӯх аз 10 январ ба ин сӯ пешрафте наовардааст. Равуо бо ин ноҳия, ки макони қариб 60 000 мардуми ағлаб тоҷик аст, дар пайи хушунатҳои рӯзҳои 5-6 январ қатъ шудааст. Бархӯрдҳо дар пайи ба насби сутунҳои барқ дар посгоҳи Чорбоғ иқдом кардани марзбонони қирғиз оғоз ёфта, сокинони Сӯх дастикам 30 қирғизро гаравгон гирифтанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳушдори СҶТ аз фарбеҳшавии кӯдакон дар давраи пандемия  

Дар давраи пандемия маҳдудиятҳои ҳаракат ҷорӣ шуд ва бисёр нафарон, ки аз зиндагии фаъоли серҳаракат дур шуданд, дучори фарбеҳӣ гардиданд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки дар моҳҳои тӯлонии ҷорӣ будани маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус дар миёни кӯдакони мактабхон мушкили мисли фарбеҳӣ пайдо шудааст ва хатараш дар ин аст, ки паёмадҳои ин мушкил метавонад дарозмуддат боқӣ бимонад.

Гузориши созмон рӯзи 11-уми май нашр шуд. Таҳқиқи СҶТ маълум кардааст, ки баста шудани мактабҳову маҳдудиятҳои марбут ба фаъолиятҳои мухталифи ҷисмонӣ ва худдорӣ аз тарбияи ҷисмонӣ боиси вайрон шудани системаи ҳозима ва боло рафтани вазни кӯдакон шудааст. Ҳанс Клюге, раҳбари барномаҳои аврупоии СҶТ, “яке аз паёмадҳои бисёр нигаронкунандаи COVID-19 барои минтақаи Аврупо зиёдии вазни кӯдакон шавад”. Табибон мегӯянд, ки фарбеҳӣ ё вазни зиёд метавонад боиси бемориҳои дил, диабет ва саратон шавад. Таҳқиқи мутахассисон нишон додааст, ки сеяки кӯдакони 6 то 9-солаи сокини 36 кишвари Аврупо вазни беш аз ҳад доштаанд. Чунин мушкил пештар дар миёни калонсолони сокини ИМА ва Аврупо ҳам мушоҳида шуда буд.

Тирандозӣ дар мактаби Қазон. Хабарҳо аз марги мактаббачаҳо мерасанд. ВИДЕО

Гимназияи рақами 175-уми Қазон ҳоло аз ҷониби сохторҳои қудрати иҳота шудааст

Дар шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон дар гимназияи рақами 175 тирандозӣ рух дод. РИА Новости гуфт, ки шумори кушташудаҳо ба 9 нафар баробар шудааст. Хабаргузории ТАСС шуморои кушташудаҳоро то ин замон 7 нафар навишта гуфтааст, ки яке аз онҳо омӯзгор аст. Baza мегӯяд, ки 9 нафар кушта шудааст. Ба ҷои ҳодиса мошинҳои хадамоти ёрии изтирорӣ расидаанд, хонандагонро аз тирезаҳои мактаб наҷот медиҳанд.

РИА Новости гуфт, ки эҳтимолан як ҳамлагар боздошт шудааст. Шояд шумори ҳамлагарон ду-се нафар бошад. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба маъмурияти мактаб навиштааст, ки тирандозиро яке аз шогирдони ҳамин мактаб шурӯъ кард. Ӯ бо силоҳ ба синф ворид шуда, ба сӯи ҳамсинфонаш оташ кушод ва ҳадди аққал се нафарро маҷрӯҳ кард.

Дар Чин коҳиши суръати таваллуд мушоҳида мешавад

Зоишгоҳи шаҳри Ҳефеи вилояти Анҳой

Дар Чин суръати таваллуд дар даҳсолаи гузашта камтар шуда, ба ҳисоби миёна 0,53 дарсад дар як солро ташкил додааст. Охири соли 2020 ҳисоб шудааст, ки дар Чин шумори аҳолӣ 1,411 миллиард нафарро ташкил дод ва дар як даҳсолаи гузашта ҳамагӣ 72 миллион нафар афзоиш ёфт. Ин омор назар ба даҳсолаҳои пеш камтар будааст. Бюрои миллии омори Чин рӯзи сешанбе хабар дод, ки соли 2020 камтарин шумори навзодон дар ин кишвар ба дунё омаданд ва баъди соли 1961, ки соли қаҳтиву гуруснагӣ буд, ин камтарин нишондод будааст. Нашрияи амрикоии New-York Times бо такя ба мутахассисони соҳаи демография дар Чин навиштааст, ки коҳиши якбораи таваллуд дар солҳои охир ҳамроҳ бо афзоиши умри аҳолӣ метавонад боиси бӯҳрони демографӣ шавад ва иқтисоди ин кишварро зарба бизанад. Дар Чин ҳар нафари панҷум ё 19 дарсади аҳолӣ аз 60-сола боло ҳастанд. Ин қишри аҳолӣ дар даҳсолаи охир 6 дарсад афзоиш ёфтааст.

Чанд сол пеш мақомот дар Чин сиёсати аз соли 1980 ҷоришуда дар бораи манъи таваллуди беш аз як фарзандро бекор карданд, вале чор соли охир дар ин кишвар коҳиши таваллуди кӯдак мушоҳида мешавад. CNBC мегӯяд, ки соли 2020 мизони таваллуд дар Чин 15 дарсад коҳиш ёфт.

Идомаи хушунатҳо дар Байтулмуқаддас

11 маи соли 2021, Ғазза

Дар идомаи хушунатҳои сангин дар шаҳри Байтулмуқаддас шаби гузашта Исроил ба сӯи Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ ва ҷангиёни фаластинӣ аз макони зисти мардуми зиёд ҳамлаҳои мушакӣ анҷом доданд. Мақомоти беҳдошти фаластинӣ дар Ғазза гуфтанд, ки 24 нафар, аз ҷумла нӯҳ тифл кушта шуда, беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд. Низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки шаби дери 10-уми май дар посух ба 200 ҳамлаи мушакӣ аз Ғаззаи зери назари Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои ҷангӣ, исроилиҳо 130 ҳадафро зарба заданд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки дар миёни кушташудаҳо 15 нафарашон ҷангиён буданд. Дар шаҳри ҷанубии Ашкелон дар паи асобати мушакҳо ба ду бинои истиқоматӣ шаш нафар маҷрӯҳ шуд.

Салиби Сурхи Фаластин гуфт, аз ин пеш ҳисоб шудааст, ки дар 24 соат задухӯрди миёни эътирозгарони фаластинӣ ва полиси исроилӣ 700 нафар дар қаламрави соҳилҳои Ғарбии рӯди Урдун ва Байтулмуқаддас осеб дидаанд. Полиси Исроил гуфт, ки 21 афсар ва ҳафт фарди мулкии исроилӣ осеб диданд.

Дар паи қарори аз маконҳои зист берун кардани хонаводаҳои фаластинӣ дар Байтулмуқаддаси шарқӣ, ки ҷои онҳоро бояд паноҳандаҳои исроилӣ бигиранд, таниш дар минтақа боло гирифт.

Мухолифи гурҷӣ Никанор Мелияро баъди пардохти гарав аз зиндон озод карданд

Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон рӯзи душанбеи 10-уми май додгоҳ роҳбари "Ҳаракати ягонаи миллӣ" Никанор (Никӣ) Мелияро дар ивази гарав аз зиндон озод кард. Иттиҳоди Аврупо ин иқдомро барои ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Гурҷистон "қадами муҳим" арзёбӣ кард.

Мелия аз 23 феврал ба ин сӯ - ба далели напардохтани гарави парвандаи марбут ба эътирозҳои соли 2019 дар ҳабс буд. Созишномаи озодии вай аз ҳабс таҳти сарпарастии раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ҳосил шуд.

Ба навиштаи расонаҳо, Никанор Мелия дар доираи парвандаи ҳамла ба порлумон дар моҳи июни соли 2019 айбдор мешавад. Шаби 20 ба 21 июни соли 2019 мухолифони гурҷӣ зидди даъвати ҳайати порлумони Русия ба порлумони Гурҷистон эътироз карданд. Раиси ҳайати Думаи давлатии Русия Сергей Гаврилов он замон ба курсии раиси порлумони Гурҷистон нишаста буд.

Никанор Мелия дар даст доштан дар ташкили хушунати дастаҷамъӣ ва иштирок дар он айбдор мешавад. Ин мухолифи ҳукумати Гурҷистонро дар сурати исботи айб нуҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳалокати 1 нафар дар сӯхтори ҷангалзорҳои шарқи Қазоқистон

Сухтор дар яке аз ҷангалзорҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар наздикии шаҳри Риддер дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ ҷангале оташ гирифт. Дар ҳоли ҳозир масоҳати сӯхтор ба 310 ҳектар мерасад.

Сӯхтор ба маҳалли аҳолинишин наздик шуда, 35 хона пурра ба коми оташ фурӯ рафтааст. Дар натиҷа як зани 73-сола ба ҳалокат расида, ду марди дигар дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар Департаменти ҳолатҳои изтироии Қазоқистони Шарқӣ гуфтанд, ки барои хомуш кардани оташсӯзӣ 208 нафар ва 47 мошини оташнишонӣ сафарбар гаштааст. "Нерӯ ва мавод барои хомуш кардани оташ кифоя аст", - афзуданд дар департамент.

Пулис оташ задан ва беэҳтиётӣ бо оташро ҳамчун фарзияи эҳтимолии сар задани сӯхтор таҳқиқ дорад.

Блогери узбекистонӣ баъди танқиди раиси вилоят 6,5 сол зиндонӣ шуд

Отабек Сатторӣ, блогери узбекистонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Музрободи Узбекистон Отабек Сатторӣ, блогер аз вилояти Сурхондарёи ин кишварро, ки бо гумони тамаъҷӯӣ, таҳқир ва туҳмат дастгир шуда буд, 6,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба огаҳии Додгоҳи олии Узбекистон, Сатторӣ тибқи бандҳои "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон" ва "Туҳмат" айбдор дониста шудааст. Додситон қаблан барои вай 11 соли зиндон талаб карда буд.

"Мо бо ин ҳукм комилан розӣ нестем. Инро ҳамаи мардум мебинад. Ҳукм комилан ноодилона аст. Баъди дарёфти нусхаи ҳалнома мо ҳатман ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят мебарем", - изҳор дошт вакили дифои айбдоршуда Умедбек Давлатов.

Сатторӣ 29-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Термиз боздошт шуда буд. Дертар ӯро ба тамаъҷӯӣ айбдор карданд. Додгоҳи шаҳри Тирмиз 1-уми феврал қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани блогерро содир кард.

Отабек Саттории 40-сола раиси вилояти Сурхондарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.

Ахиран "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) аз мақомоти Узбекистон хоста буд, ки блогнавис Отабек Сатториро аз боздошт раҳо кунанд.

Ҷанҷоли Тоҷикистону Қирғизистон дар суҳбати Путину Ҷабборов

Содир Ҷабборов ва Владимир Путин, Маскав, моҳи феврали 2021

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, рӯзи 10-уми май дар суҳбати телефонӣ бо президенти Русия, Владимир Путин, масъалаи ҷанҷоли марзӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, суҳбат бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ, "Владимир Путин гуфт, Русия омодааст, ки барои рафъи оқибатҳои муноқишаи марзӣ ба Қирғизистон кумак кунад."

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, Содир Ҷабборов дар охири моҳи май бо сафари корӣ ба Маскав меравад ва дар он ҷо "масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё, инчунин, таъмини амнияти минтақа" баррасӣ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми май дар Маскав вохӯрда, дар бораи "рӯйдодҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон" низ суҳбат карданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Душанбе масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд. Душанбеву Бишкек якдигарро ба сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

Дар Туркманистон беш аз 1000 зиндониро озод карданд

Зиндоне дар Туркманистон

Дар Туркманистон бештар аз ҳазор зиндониро аз маҳбас озод карданд. Ин бор миёни озодшудаҳо касоне ҳам ҳастанд, ки бино ба боварҳои диниашон аз адои хидмати ҳарбӣ сарпечӣ мекарданд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ба муносибати Шаби Қадр дар Туркманистон 1035 зиндонӣ озод шудааст, ки аз ин теъдод 53 нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд.

Дар миёни озодшудаҳо 16 тан пайрави «Шоҳидони Яҳво», як созмони масеҳӣ низ ҳастанд.

Дар Туркманистон бори охир моҳи декабри соли 2020 иддае аз зиндониёнро авф карда буданд. Он замон 2078 шаҳрванди Туркманистон ва 4 шаҳрванди хориҷӣ аз маҳбас озод шуда буданд.

Бино ба иттилои созмонҳои байналмилалӣ, Туркманистон аз ҳисоби таносуби аҳолӣ бештарин теъдоди зиндониёнро дар Осиёи Марказӣ дорад.

Сокинони вилояти Бодканд ба хонаҳояшон бармегарданд

Бодканд

Ҳазорон сокини деҳаҳои наздимарзии вилояти Бодканди Қирғизистон, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ба ҷойи амн кӯч баста буданд, дубора ба хонаҳояшон бармегарданд. Дар ин бора рӯзи 9-уми май мақомоти вилояти Бодканд хабар доданд.

Абдикарим Олибоев, намояндаи ҳукумати Қирғизистон бо сокинон мулоқот карда, ваъда дод, ки барои ҳифзи амният дар марз чораҷӯӣ мекунанд ва барои сокиноне, ки хонаҳояшонро аз даст додаанд, манзилҳои муваққат сохта медиҳанд.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, ҳангоми муноқишаҳои рӯзҳои 29-30-юми апрел аз деҳаҳои наздимарзӣ наздики 40 ҳазор кас ба ҷои амн кӯчонида шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар он рӯзҳо беш аз 15 ҳазор касро аз деҳаҳои наздисарҳадӣ ба ҷойи бехавф бурданд.

Рӯзи 8-уми май дар вилояти Бодканд барои 36 хонаводае, ки дар муноқишаҳо наздиконашонро аз даст доданд, сохтмони манзили зист шуруъ шуд. Дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара низ ба сохтмони хонаҳои вайроншуда оғоз карданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар Исфара чаҳордаҳ хона пурра вайрон шудааст, вале ихтиёриён ин рақамро бамаротиб бештар ҳисоб кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, то як моҳи дигар хонаҳоро сохта, ба мардум медиҳад. Улуғбек Маърупов, сарвазири Қирғизистон, рӯзи 3-юми май гуфт, барои барқарории иншооти тахрибшуда дар низои марзӣ бештар аз 8 миллион доллар аз буҷаи кишвар ҷудо мешавад.

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

Қирғизҳои Чикаго дар бораи низои марзӣ ба СММ муроҷиат кардаанд

Ҳамоиши эътирозӣ дар Чикаго

Қирғизистониҳои муқими шаҳри Чикагои Амрико рӯзи 9-уми май ҳамоиши эътирозиеро баргузор карданд. Онҳо аз Созмони Милали Муттаҳид даъват карданд, ки дар робита ба низои ахири марзии Қирғизистону Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои амният баргузор шавад.

Дар ҳамоиш ҳудуди 30 қирғизистонӣ иштирок карда, дар даст шиорҳои даъват ба сулҳу қатъи таҷовузкориро доштанд. Иштирокдорон ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалӣ даъват карданд, ки ба осебдидагони ҳаводиси ахири марзӣ кумак расонанд.

Қирғизистониҳои муқими Куриёи Ҷанубӣ низ 10-уми май дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул ҷамъ шуда, эътироз карданд.

Аз ин пеш, қирғизистониҳои муқими Олмон, Итолиё, Швейтсария, Бритониё, Канада ва Иёлоти Муттаҳида низ чунин ҳамоишҳо баргузор карда буданд.

Рӯзҳои 5-9-уми май дар шаҳри Уши Қирғизистон ҷаласаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди масъалаҳои марзӣ баргузор шуд. Ҷонибҳо бо имзои санаде ба созиш расиданд, ки ҷаласаи навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад.

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодисаҳо 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шудааст. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.

Дар Эрон як ҷавонро эҳтимол барои ҳамҷинсгароӣ куштаанд

Зиндони Аҳвоз

Як ҷавони 20-солаи ҳамҷинсгаро дар Эрон зоҳиран аз ҷониби хешовандонаш кушта шудааст.

Гузоришаҳо аз Эрон баёнгари он аст, ки Алиризо Мунфарид аз ҷониби бародар ва амакбачаҳои худ дар оғози моҳи май кушта шуд. Эҳтимол ин ҳодиса пас аз он рух дод, ки Мунфаридро барои ҳамҷинсгаро будан аз артиш ронданд.

Бино ба баъзе аз гузоришҳо, қотилон сари ҷавонро аз танаш ҷудо кардаанд. Дар робита бо ин ҳодиса, ки эҳтимол рӯзи 4-уми май рух додааст, се нафар дар наздикиҳои шаҳри Аҳвози вилояти Хузистон боздошт шуданд.

Дӯсти ҷавони кушташуда Оқил Абёт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд Алиризо рӯзи 8-уми май ба назди ӯ ба Туркия сафар мекард. BBC хабар дод, ки сабти садои Мунфаридро дорад, ки гуфтааст, аз аъзои оилааш эҳсоси хатар дорад ва ният дорад, аз Эрон фирор кунад.

Дар Эрон барои ҳамҷинсгароӣ ҳукми қатл таҳдид мекунад ва аз ин рӯ бисёре аз намояндагони ин гурӯҳ тамоюлҳои худро аз ҷомеа пинҳон мекунанд. Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи ҷинсӣ аз бархӯрди баде ба мисли шиканҷаву бераҳмӣ нисбат ба ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Эрон изҳори нигаронӣ кардааст.

Боздошти як мунтақиди президенти Қирғизистон

Ҷениш Молдокматов, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Қирғизистон

Як сиёсатмадори мунтақиди президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро бо иттиҳоми ташкили “беназмиҳои оммавӣ” дар моҳи октябри соли гузашта дастгир кардаанд. Ҷениш Молдокматов ба ташкили эътирози зиддиҳукуматӣ аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ муттаҳам аст.

Ҳуқуқшинос Кантемир Турдалиев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Ҷениш Молдокматов рӯзи 10-уми май дастгир шуда, ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳад монд.

Турдалиев иттиҳомро “сафсата” хонд ва гуфт, аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят мекунад. Дар давоми мурофиаи додгоҳӣ Молдокматов ҳама иттиҳоми зидди худро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад кардааст.

Моҳи октябри соли 2020 Молдокматов як номзади курсии парлумонӣ буд, вале дар интихоботи гузашта ӯро мағлубшуда эълон карданд. Ӯ дар қатори даҳҳо ҳазор нафари дигар дар эътирозҳои дастҷамъӣ иштирок кард.

Ин эътирозҳо боиси аз қудрат канор рафтани президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков шуд. Дар пайи ин беназмиҳо президенти кунунӣ Содир Ҷабборов аз зиндон озод ва сипас ба қудрат расид.

Қодиров хост, Исроил барои беназмӣ дар Ал-Ақсо узр пурсад

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз ҳукумати Исроил тақозо кард, ки барои задухӯрди ходимони полис ва фаластиниҳо дар назди масҷиди Ал-Ақсои шаҳри Байтулмуқаддас аз мусулмонон узр пурсад.

Қодиров дар Телеграм-канали худ навиштааст: "Дар чунин ҳолат беҳтар аст, ки мақомоти Исроил ба худ омада, гунаҳкор будани худро эътироф кунанд ва барои он чи ки гузашт, узр пурсанд. Дер нашуда, низоъро хобонед, вагарна пайомадҳои он асафбор хоҳанд буд."

Дар Байтулмуқаддаси шарқӣ аз 7-уми май ба ин сӯ беназмиҳо идома доранд.

Дар давоми се рӯзи хушунатҳо, ба иттилои табибону сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, садҳо фаластинӣ ва беш аз 20 маъмури полиси Исроил осеб дидаанд. Вақте фаластиниҳо ба сӯи полис сангандозӣ карданд, полиси исроилӣ дар ҷавоб аз гази ашковару норинҷакҳои садодор истифода намуд.

Сабаби бетартибиҳо ин шуд, ки дар додгоҳ шикояти бисёрсолаи чандин оилаи фаластинӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Беш аз 70 нафар розӣ нестанд, ки қарори мақомот дар бораи ба фоидаи муҳоҷирони исроилӣ холӣ шудани хонаҳои онҳо иҷро шавад. Қарор буд, муҳокимаҳо 10-уми май баргузор шаванд, вале акнун санаи навро бо қарори додситони кулли Исроил дар давоми 30 рӯзи дигар эълон мекунанд.

Маркази беназмиҳо атрофи масҷиди Ал-Ақсо шуд, ки сеюмин макони муқаддаси мусулмонон ба шумор меравад. Рӯзи 10-уми май полис гуфт, бо сабаби раҳпаймоии бахшида ба Рӯзи Байтулмуқаддас, ба ин ноҳия аз берун ворид шудан манъ аст. Бисёр фаластиниҳо раҳпаймоии миллатгароҳои исроилиро ҳамчун як иғво интиқод мекунанд.

Баъд аз ҷанги шашрӯза дар соли 1967 қисмати шарқии Байтулмуқаддас зери назари Исроил гузашт ва аз он замон ба ин сӯ исроилиҳо ин рӯзро ҳамчун як ҷашни вижа таҷлил мекунанд. Имсол ин ҷашн бо таҷлили моҳи Рамазон мувофиқ омад.

Эҳтимол Прага аз Маскав 1 миллиард крон талаб кунад

20-уми октябри соли 2014, макони таркиш дар анбори силоҳи Врбетитсе

Ҷумҳурии Чех мехоҳад, ҳамчун ҷуброн барои таркиши анбори силоҳи шаҳраки Врбетитсе дар соли 2014 аз Русия пардохти на камтар аз як миллиард крон (тахминан 48 миллион доллар)-ро талаб кунад.

Дар ин бора Алена Шиллерова, вазири молияи Чехия, рӯзи 10-уми май дар суҳбат бо телевизиони маҳаллӣ хабар дод.

Чанде пеш палатаи поёнии порлумони Чехия ҳам аз ҳукумат тақозо кард, ки аз Русия пардохти ҷуброни молиро талаб кунад. Матни ин талаб, қарор аст, дар ҳафтаҳои наздик таҳия шавад.

Мақомоти Чехия, инчунин, мехоҳанд, хароҷоти поккории маҳалли таркишро ба ин ҳисоб ворид кунанд, чун, ба гуфтаашон, ин кор аз ҳисоби буҷаи давлати Чехия анҷом шудааст.

Телевизиони Ҷумҳурии Чех мегӯяд, шояд талаби пардохти 1 миллион крон пул ниҳоӣ нахоҳад буд ва мақомоти минтақаи осебдида эҳтимол пардохти ҷуброни зарари равонӣ талаб кунанд.

Баъзе аз вакилон ва коршинсони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ шубҳа доранд, ки шонси аз Русия гирифтани ҷубронпулӣ вуҷуд дорад. Вале бархе дигар мегӯянд, Прага бояд талаби худро ба Маскав пеш гузорад ва аз ин роҳ нишон диҳад, ки таҳаммули чунин корҳоро надорад.

Ҳукумати Амрико гуфт, интиқоли сӯзишворӣ "бемаҳдудият сурат мегирад"

Ширкати Colonial Pipeline

Дар пайи як ҳамлаи рахнагарон ба лӯлаи муҳими таъмини сӯзишворӣ дар Амрико, ки бовар меравад кори дасти гурӯҳи ҷиноист, ҳукумати ин кишвар бо ширкати таъмиркунанда аз наздик кор мекунад.

Дар ҳоле ки нигаронӣ аз барҳам зада шудани низоми таъмини сӯзишворӣ дар Иёлоти Муттаҳида боло меравад, ҳукумати ин кишвар рӯзи 9-уми май амри изтирорӣ содир кард, ки бар асоси он интиқоли маҳсулоти сӯзишворӣ дар 17 иёлат, аз ҷумла атроф ва дохили шаҳри Вашингтон, бемаҳдудият сурат мегирад.

Ширкати Colonial Pipeline рӯзи 8-уми май гуфт, рӯзе аз он пеш мавриди ҳамлаи интернетӣ қарор гирифт ва ба хотири таъмини амнияти кораш тамоми системаашро дар интернет “қатъ кард”.

Ин лӯла тахминан 45 дарсади соҳилҳои шарқии Амрикоро бо сӯзишворӣ таъмин мекунад. Мутахассисон гуфтанд, чунин ранг гирифтани кор набояд ба нархи сӯзишворӣ таъсири манфӣ гузорад.

Рахнагарон ба низоми компютерии ширкат ҳамла карда, иттилои дохили онро азхуд намуданд ва онро ғайри қобили истифода карданд.

Ҳамлаҳое, ки маъмулан аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноии воқеъ дар Русия ва ё ҷумҳуриҳои пешини Шӯравӣ анҷом мешаванд, дар вақтҳои охир афзоиш ёфта, ҳадафҳоеро дар берун аз ин қаламрав зарба мезананд.

The Wall Street Journal: ИМА интиқоли нерӯҳояшро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунад

Нерӯҳои амрикоӣ

Нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мансабдорони низомии амрикоӣ навишт, ки Иёлоти Муттаҳида интиқоли нерӯҳо ва лавозимоти ҷангиашро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик баррасӣ мекунад.

Нашрия менависад, интиқоли низомиён, ҷангандаҳои бесарнишин, бомбафканҳо ва таъсиси пойгоҳи низомӣ дар минтақа, ба бовари низомиёни амрикоӣ, имкон медиҳад, баъд аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон аз ҷанги эҳтимолии Толибон пешгирӣ карда шавад.

Мақомдорони низомии амрикоӣ гуфтаанд, хатари пайдоиши дубораи "Ал-Қоида" ва ё гуруҳҳои дигаре ба монанди гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар Афғонистон аз эҳтимол дур нест.

Баъзе аз мақомдорони ҳукумати Ҷо Байден гуфтаанд, ки барои интиқоли нерӯҳои амрикоӣ ба Тоҷикистон ё Узбекистон мувофиқ хоҳанд буд.

“Дар ҳамин ҳол, низомиёни амрикоӣ гуфтаанд, ҳузури нерӯҳои Русия дар минтақа, афзоиши ҳузури Чин ва таниши байни онҳову Вашингтон амалисозии нақшаи таъсиси пойгоҳи амрикоиро дар Осиёи Марказӣ душвор мегардонад”, -- навиштаанд расонаҳои амрикоӣ.

Иёлоти Муттаҳида бар асоси созише, ки бо гуруҳи Толибон дошт, ба берун овардани нерӯҳояш аз хоки Афғонистон оғоз кард. Нерӯҳои амрикоӣ то моҳи сентябри имсол бояд комилан Афғонистонро тарк кунанд.

HRW ба кишварҳои Шӯрои Аврупо: Эъломияи ҳуқуқи занро тасвиб кунед

1-уми марти соли 2020, Бухарест, Руминия. Иштирокдори намоиши зидди хушунат алайҳи занон бо номи "Таҷовузгар худат ҳастӣ".

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, кишварҳои узви Шӯрои Аврупо бояд бо тасвиб ва иҷрои созиши минтақавии ҳуқуқи занон, ки дар чандин кишвар бо рукуди бесобиқа рӯ ба рӯ шудааст, барои муқобила бо хушунат алайҳи занон иқдом кунанд.

Даъвати HRW рӯзи 10-уми май дар остонаи 10-солагии Эъломияи Шӯрои Аврупо дар мавриди пешгирӣ ва муқобила бо хушунати занон ва хушунати хонаводагӣ садо дод.

Ин санадро, ки аз соли 2014 ба ин сӯ ҳукми иҷро гирифтааст, то ҳол 33 кишвари узви Шӯрои Аврупо тасвиб кардаанд. 12 кишвари дигар ин санадро имзо карда, ҳанӯз қабул накардаанд. Дар миёни онҳо Украина ҳам ёд мешавад, ки соли 2011 ин эъломияро имзо карда буд.

Танҳо ду узви Шӯрои Аврупо, ки ин созишро то ҳол имзо накардаанд, Озарбойҷон ва Русия мебошанд.

Ҳиллари Марголис, пажӯҳишгари HRW дар умури ҳуқуқи занон дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, пандемияи COVID-19 мушкили “хушунат алайҳи занонро ба ҳайси як озори бисёр маъмулӣ ва айни замон ҳаллаш душвор ба намоиш гузошт”.

HRW мегӯяд, эъломияи Истанбул дар пеши ҳукуматҳо меъёрҳои қавиву қонунии пешгирӣ аз хушунат алайҳи занону духтаронро шакл медиҳад ва поймолкунандаҳои ин санадро ҷавобгар мекунад.

Пас аз таркиш... Нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро месанҷанд

Як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар Душанбе

Пас аз таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе, ки бар асари он як нафар ҳалок ва чанд каси дигар маҷруҳ шуданд, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон санҷиши сартосарии нуқтаҳои газу бензинфурӯширо ба роҳ мондааст.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 7-уми май дар иттилоияи расмӣ гуфтаанд, дар ин амалиёт қоидаҳои нигаҳдории маводи сӯхту молиданӣ санҷида мешавад. То ин дам дар чаҳор нуқта дар Душанбеву ноҳияи Рудакӣ риоя нашудани қоидаҳои зиддисӯхтор ошкор гардида, соҳибони онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе рӯзи 1-уми май рух дод. Бар асари он чанд нафар захмӣ шуда, Алексей Рязантсеви 21-сола дар бемористон даргузашт. Ӯро рӯзи 9-уми май дафн карданд.

Нисбат ба соҳиби 33-солаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар гузашта дар вилояти Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд.

Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯянд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.

"Уралские авиалинии" сабаби мушкил дар билетҳои фурӯхтаашро шарҳ додааст

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" дар суҳбат бо хабаргузории "Азия-Плюс" сабаби ба як курсии ҳавопаймо фурӯхта шудани ду билетро ба Русия "ба мушкили техникӣ дар низоми фурӯш" рабт додааст.

Раҳбари намояндагӣ дар Душанбе гуфтааст, "нуқсон дар дафтари марказии ширкат дар Екатеринбург ба амал омада, 16 билет аз Душанбеву Хуҷанд дубора фурӯхта шудаанд".

Як гурӯҳи мусофирон рӯзи 1-уми май шикоят карда гуфтанд, ки бо вуҷуди доштани билет онҳоро ба ҳавопаймо роҳ надоданд. Намояндаи "Уралские авиалинии" мегӯяд, мусофирон тавассути хатсайрҳои дигар фиристода ва ё пулашон бозпас гардонида шуд. Санҷиши дурустии ин иддао феълан имкон надорад.

Дар хабар омадааст, ки ин ширкати русӣ моҳи гузашта беш аз 14 ҳазор мусофирро ба Русия фиристодааст ва эҳтимол аз аввали моҳи июн нархи билетҳо арзонтар шаванд.

Дар оғози моҳи апрел бо азсаргирии парвозҳои ҳавопаймоҳо ба Русия дар Тоҷикистон талаботи зиёд ба билет ва чанд баробар боло рафтани нарх мушоҳида шуд, ки ба як нигаронии ҷомеа табдил гашт. Бисёре аз хонаводаҳо, ки аз даромади наздикони муҳоҷирашон дар Русия вобаста ҳастанд, дар давраи пандемия бедаромад монданд ва ҳоло талош доранд, ҳарчи зудтар ба Русия роҳ ёбанд.

Қазияи Иззат Амонро ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар кашидаанд

Иззат Амон аз 27-уми март ба ин сӯ дар боздошт аст

Ду вакили мудофеи байнулмилалӣ барои ҳалли қазияи Иззат Амон, раиси боздоштшудаи "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ба Додгоҳи аврупоӣ муроҷиат кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки Иззат Амон ғайриқонунӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум, рабуда ва сипас ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Дар ин бора кормандони "Маркази тоҷикон" дар Маскав рӯзи 10-уми май хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дархостҳо ба ниҳодҳои Русия дар мавриди чӣ гуна дастгир ва аз ҳудуди ин кишвар берун бурда шудани Иззат Амон беҷавоб мондааст.

Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 25-уми марти имсол дар Маскав нопадид ва баъд аз ду рӯз дар Тоҷикистон "пайдо шуд".

Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ӯро ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" гунаҳкор кард. Дар Тоҷикистон ба "қаллобӣ" муттаҳам аст. Наздикону ҷонибдоронаш қазияро сиёсӣ медонанд.

Иззат Амон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони зери раҳбарии ӯ ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва гоҳ-гоҳ кумаки молӣ мерасонд.

Ҳоло ӯро дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе нигоҳ медоранд. Писараш, Муҳаммадюсуф Холов, мегӯяд, 20 рӯзи охир имкони мулоқот бо падарашро надорад.

Кормандони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ки раҳбарии онро феълан Сӯҳроби Ҷаҳон ба уҳда дорад, гуфтанд, марказ пурра кор мекунад ва ҳамарӯза тақрибан то 15 муҳоҷири тоҷик бо масъалаҳои ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Дар остонаи раҳпаймоии миллатгароёни исроилӣ Байтулмуқаддас бо хушунати бештар рӯбарӯ шуд

Нирӯҳои амниятии Исроил дар боми рӯбарӯи масҷиди Қуббат-ас-Сахра дар Байтулмуқаддас. 10-уми маи соли 2021

Дар пайи таҳдиди аз Байтулмуқаддаси шарқӣ берун кардани хонаводаҳои фаластинӣ, шаби 10-уми май низ задухӯрди нерӯҳои амниятии Исроил ва фаластиниҳои норозӣ идома кард.

Табибони фаластинӣ гуфтанд, пас аз он ки афсарони полис гази ашковар ва нориҷанкро ба кор бурданд, 50 нафар ба шифохонаҳо бурда шуданд. Хушунат дар масҷиди Ал-Ақсо рух дод, ки макони севуми муқаддас барои мусалмонон ба шумор меравад.

Дар пешорӯи раҳпаймоии миллатгароҳои исроилӣ, ки онро фаластиниҳо як иғво номиданд, полис ба яҳудиҳо боздид аз ин маконро манъ кард. Дар раҳпаймоии мавсум ба Рӯзи парчами Байтулмуқаддас, ки ба тасарруфи Байтулмуқаддаси шарқӣ дар соли 1967 аз ҷониби Исроил рабт дорад, ҷавонҳо аз маҳаллаи мусалмонони Шаҳри қадима гузашт мекунанд.

Полис ва табибон гуфтанд, ки дар задухӯрдҳои се рӯзи гузашта садҳо фаластиниҳову ходимони полис маҷрӯҳ шуданд.

Шиддати таниш баъди он боло гирифт, ки қарор аст додгоҳ дар масъалаи бисёрсолаи сарнавишти будубоши ояндаи оилаҳои фаластинӣ қарор қабул кунад. Интизор мерафт, ки ҳукми додгоҳ 10-уми май содир шавад, вале бо дархости додситони кул бекор гардид.

Таърихи нави эълони ҳукми додгоҳ ба 30 рӯзи оянда вогузор шудааст. Беш аз 70 нафар дар аризае аз додгоҳ хостаанд, ки қарори ба фоидаи исроилиҳо аз хонаҳояшон берун карда шудани фаластиниҳо қабул карда нашавад.

Дар Афғонистон таркиши бомба ҷони 11 нафарро гирифт

Вазорати дохилии Афғонистон рӯзи 10-уми май гуфт, дар натиҷаи таркиши як автобусе дар бомбаи сарироҳӣ дар ҳудуди вилояти Зобул 11 фарди мулкӣ кушта ва 28 нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Дар миёни қурбониҳову осебдидаҳо занону кӯдакон мебошанд. То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ҳодиса шабона ҳангоми ҳаракати автобус аз Кобул ба Қандаҳор рух дод. Вазорати дохилии Афғонистон масъулияти таркишро бори Толибон кард.

Ин таркиш дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳи шӯришии Толибон дар остонаи Иди Фитр ё хотимаёбии моҳи Рамазон, се рӯзи оташбас эълон кардааст. Дар Афғонистон ҳафтаҳои ахир мизони хушунат фавқулодда боло рафтааст ва ИМА ҳам хуруҷи нирӯҳоро аз ин кишвар ба роҳ монда, бояд то 11-уми сентябр кишварро тарк кунанд.

Дар зиндони Павлодари Қазоқистон як маҳбус кушта шуд

Маҳбаси Павлодар. Акс аз бойгонӣ.

Департаменти зиндонҳои вилояти Павлодари Қазоқистон хабар дод, ки як зиндонӣ дар маҳбаси "АП-162/4"-и шаҳри Павлодар кушта шудааст.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ аз суханони сардори департамент Адолат Мустафинов иқтибос овардаанд, "маҳбуси 44-сола, ки барои куштор адои ҷазо мекунад, дар натиҷаи як муноқиша ба маҳбуси дигар зарари ҷисмонии марговар расонидааст".

Ҳодиса 8 майи соли равон рух дода, вале ҷабрдида, ки барои таҷовузи ноболиғе маҳкум ба зиндон шуда буд, барои кумаки тиббӣ ба табибони маҳбас муроҷиат накардааст. Дар натиҷа ӯ 9 май бар асари захмҳои бардоштааш дар утоқи худ ба ҳалокат расидааст.

Ба огаҳии департамент, дар робита ба ҳодисаи мазкур аз сӯи ниҳодҳои дахлдор тафтишоти муштарак оғоз шудааст.

Лукашенко фармони интиқоли изтирории қудрат ба Шӯрои амниятро имзо кард

Александр Лукашенко.

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Белорус фармонеро ба имзо мерасонд, ки тибқи он, дар сурате, ки вай кушта шавад ва ё натавонад ба фаъолияташ идома диҳад, ваколатҳо ба Шӯрои амнияти он кишвар интиқол меёбад.

Ба гузориши хабаргузории расмии Белорус, Александр Лукашенко рӯзи 9-уми май ҳини боздид аз минтақаҳои осебдида аз фоҷеаи ҳастаии Чернобил ба хабарнигорон гуфт, "ба ман бигӯед, агар фардо раиси ҷумҳур набошад, оё замонате вуҷуд дорад, ки ҳама чиз хуб пеш хоҳад рафт? не!

Вай афзуд, "ман дар мавриди чигунагии интиқоли қудрат фармоне имзо мекунам, ки агар раиси ҷумҳур ҳадафи ҳамла қарор бигирад, рӯзи баъдаш Шӯрои амният қудратро ба даст хоҳад гирифт!"

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баъд аз интихоботи ҷанҷолбарангези моҳи августи соли 2020 ва саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон, Александр Лукашенкоро ҳамчун президенти Белорус ба расмият намешиносанд.

Тибқи қонунҳои феълии Белорус, агар ҷойи раиси ҷумҳур холӣ шавад ва ё ба ҳар сабабе шахси аввали кишвар натавонад ба вазифаи худ идома диҳад, қудрат то замони баргузории интихобот ва савганд ёд кардани президенти нав, ба нахуствазир интиқол меёбад.

Вале фармоне, ки рӯзи 9-уми май содир шуд, мегӯяд, ки қудрат ба Шурои амният, ки нахуствазир онро раҳбарӣ хоҳад кард, интиқол хоҳад ёфт. Шӯрои амният аз афроди мавриди таваҷҷуҳ ва тарафдори Лукашенко ташкил шудааст.

Лукашенко дар моҳи апрел гуфта буд, ки фармони фавқулодаеро дар бораи салоҳиятҳои президент имзо хоҳад кард.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG