Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман 9 шарики Ал-Қоидаро куштаанд


Бино ба гузоришҳо, дар ҳамлаҳои ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Яман 9 тундрави шарики Ал-Қоида кушта шудаанд. Расонаҳои яманӣ мегӯянд, ҳавопаймо ба паноҳгоҳи ин тундравон дар вилояти Маъриб се мушак андохтааст. Гуфта мешавад, ки ду нафар аз тундравон аз Арабистони Саудӣ будаанд. Танҳо дар як моҳи гузашта дар ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар Яман 23 нафар кушта шудаанд. Амрико барои мубориза бо ҳалқаи Ал-Қоида дар Яман, ки фаъолтарин ҳалқаҳои ин шабака хонда мешавад, ҳамкорӣ бо ҳукумати Яманро таҳким бахшидааст.
XS
SM
MD
LG