Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди вакилон дар парламенти Афғонистон


Бинои парламенти Афғонистон
Бинои парламенти Афғонистон
Рӯзи сешанбе дар парламенти Афғонистон мубоҳисаи вакилон ба бархӯрди лафзӣ ва сипас задухӯрди ҷисмонӣ миёни ду вакили мардумии афғон табдил ёфт. Ҳангоми баррасии тартиби арзёбии масъалаҳои марбут бо истеҳзои 11 вазири ҳукумат ва буҷети соли оянда вакили мардумӣ аз Қандаҳор Муҳаммад Наим Лолоӣ ва вакили мардумӣ аз Ҳирот Фарҳод Маҷидӣ тӯли чанд дақиқа якдигарро лату кӯб кардаанд. Маҷидӣ мегӯяд, ӯ мехост ибтидо масъалаи вазипрон баҳс шавад, вале ногаҳон Лолоӣ болои ӯ ҳамла кардааст. Вале Лолоӣ исро меварзад, ки Маҷидӣ дар бораи вазирон ҳарфи носазо задааст. Лолоӣ афзуд, ки дар бархӯрд касе осеби ҷиддӣ надидааст ва мин гуна пархошҳо дар парламентҳои дигар кишварҳои низ мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG