Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Балуҷистон баъди ҳамлаҳо барканор мешавад


Раҷо Парвиз Ашраф дар мулоқот бо раҳбарони ҳазораҳо
Раҷо Парвиз Ашраф дар мулоқот бо раҳбарони ҳазораҳо
Сарвазири Покистон Раҷо Парвиз Ашраф ба барканории ҳукумати вилояти ҷанубуғарбии Балуҷистон розӣ шуд. Ин тасмим чанд рӯз баъди ҳамлаҳои хунини мазҳабӣ дар ин минтақа гирифта шуд. Рӯзи панҷшанбе дар 2 бомбгузорӣ дар як толори билярдбозӣ дар Квейта – маркази Балуҷистон – беш аз 90 тан аз ҳазораҳои шиъа кушта шуданд. Дирӯз Ашраф дар Квейта ба раҳбарони ҳазораҳо гуфт, талаби онҳо дар мавриди барканории ҳукумати Балуҷистонро, ки ҳазораҳо бархеашро ба таҳрики хушунатҳо айбдор мекунанд, иҷро хоҳад кард. Ашраф ҳамчунин эълон кард, ки нирӯҳои шибҳанизомӣ алайҳи ҷангиёне, ки бовар меравад, дар пушти ҳамлаҳои охир истодаанд, як амалиётеро ба роҳ хоҳанд андохт. Сарони ҳазораҳо дар посух гуфтаанд, ба эътирозҳои худ поён дода, ҷанозаҳои қурбониҳоро аз кӯчаҳо хоҳанд бардошт ва рӯзи душанбе ба дафни онҳо шурӯъ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG