Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

33 моҳи зиндон барои қасди харидани мушак


Кристофер Таппин
Кристофер Таппин
Додгоҳи Эл-Пасо дар аёлати Техаси Амрико рӯзи чоршанбе як тоҷири бознишастаи бритониёиро бо ҷурми қасди харидани қисмҳои мушак ва фурӯхтани он ба Эрон ба 33 моҳи зиндон маҳкум кард.
Кристофер Таппини 66-сола моҳи ноябр дар ивази муомилае, ки дар Бритониё адо кардани дастикам бахше аз ҳукмашро иҷозат диҳад, ин иттиҳомро ба гардан гирифт. Дар ғайри чунин муомила Таппин метавонист то 35 сол ҳукми зиндон бигирад. Ӯ моҳи феврали соли 2012 баъди як талоши харидани батареяҳои мушак аз ҷосусони фошнашудаи амрикоӣ ба Амрико истирдод шуд.
XS
SM
MD
LG