Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Дар Сурия ҳанӯз имкони музокира аз байн нарафтааст


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, то ҳол имкони ҳали муноқишаи Сурия аз роҳи музокира вуҷуд дорад. Вай зимни суханони худ дар Маскав рӯзи шанбе гуфт, даст кашидани Эътилофи Мухолифони Сурия аз музокира бо ҳукумати Башор Асад, “роҳи ҳал” нест. Лавров даъват кард, ки нозирони СММ ба Сурия баргарданд.

Оқои Лавров ин суханонро баъд аз мулоқот бо Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи кишварҳои Ҷомеаи Араб ва СММ барои Сурия изҳор дошт. Иброҳимӣ гуфт, ду роҳ вуҷуд дорад, яке роҳи ҳали сисёсӣ, дигарӣ “дузах”.

Дар ҷараёни боздиди худ аз Маскав Иброҳимӣ мехоҳад, ки Русия аз пешниҳодҳо дар бораи ташкили ҳукумати давраи гузор дар Сурия ҳимоят кунад, то муноқиша поён ёбад.
Шӯришиён талош доранд, дар Сурия Башор Асад-раиси ҷумҳур ва муттаҳиди Русияро аз қудрат барканор кунанд.
XS
SM
MD
LG