Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар садади сафар ба Қирғизистон аст


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои соли 2013 аз Қирғизистон боздид хоҳад кард. Хабаргузории KGinform аз қавли сафири Тоҷикистон дар Бишкек Олим Раҳимов хабар дод, ки масоили аслии матрӯҳа дар ҷараёни ин сафар мушкилоти обу энержӣ хоҳад буд. Вале оқои Раҳимов афзуда, ки таърихи сафар баъдтар мушаххас хоҳад шуд. Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, дар амри баҳрабардорӣ аз манобеъи оби худ, аз ҷумла барои бунёди нирӯгоҳҳо, бо кишварҳои поёноб ихтилофи назар доранд.
XS
SM
MD
LG