Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макаревич: Марги кӯдакони мариз бар дӯши Путин хоҳад буд


Владимир Путин ва Андрей Макаревич
Владимир Путин ва Андрей Макаревич
Кумитаи равобити байнулмилалии Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия, баррасии тарҳи “Қонуни Дима Яковлев”-ро шурӯъ кард. Бар пояи ин қонун, фарзандхонии кӯдакони рус аз сӯи амрикоиҳо манъ мешавад. “Қонуни Дима Яковлев” вокуниш ба тасвиби “Феҳристи Магнитский” аз сӯи Конгресси Амрикост. Дар ин феҳрист алайҳи афроди дар куштори ҳуқудон Сергей Магнитский ва нақзи ҳуқуқи башар дар Русия дастдошта таҳримҳо ҷорӣ шудааст.

Тарҳи қонун аз сӯи Думаи давлатӣ пазируфта шуд ва акнун бояд дар Шӯрои Федератсия баррасӣ шавад.

Андрей Макаревич, овозхони маъруфи рус, ахиран дар як номаи саркушода унвонии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин навишт, “масъулияти марги садҳо кӯдакони мариз, ки баъд аз қабули қонун амрикоиҳо наметавонанд онҳоро фарзанд хонанд, бар дӯши Путин хоҳад буд”. Ин нома ахиран дар торнамои рӯзномаи “Московский комсомолец” нашр шуд.

Дар ҳамин ҳол 32 ҳазор нафар дар торнамои Кохи Сафед зери даъвати ба “Феҳристи Магнитский” шомил кардани вакилони Думаи давлатии Русия имзо гузоштанд. Ин теъдод имзо кофист, ки ҳукумати ИМА ин мавзӯъро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG