Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамдардии кишварҳо бо қурбониёни фоҷиа дар Амрико


Кишварҳои зиёде дар ҷаҳон бо наздикони 26 қурбонии тирандозӣ дар Амрико ибрози ҳамдардӣ карданд, ки рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваст. Дар он рӯз Адам Ланзаи 20-сола мусаллаҳ бо ду туфанг дар мактабе 26 кӯдак ва чанд муаллимро кушт. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз ин ҳодиса ибрози ғаму андӯҳ кард. Ёшиҳико Нода, нахуствазири Ҷопон ба наздикони қурбониёни фоҷиа ибрози ҳамдардӣ карда ва Ҷулиа Гиллар, нахуствазири Австралия ин ҳодисаро як “шарр” хонд. Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, ҳамларо “ҳодисаи фоҷиабор” номид. Тирандозии рӯзи ҷумъа дар мактаби ибтидоии Санди Ҳук дар аёлати Коннектикати Амрико аз бадтарин чунин ҳодисаҳо дар Амрико маҳсуб мешавад. Қотили бачаҳову муаллимон пеш аз омадан ба мактаб модари худро кушта ва баъди ин бедодгарӣ худкушӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG