Дар Брюссел вазирони молияи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ташкили низоми назорат аз болои банкҳои кишварҳои узви "минтақаи евро" ба тавофуқ расиданд. Созиш субҳи рӯзи панҷшанбе баъд аз баррасии 14-соата ҳосил шуд. Ин мавзӯъ чанд моҳ мавриди муҳокима миёни ниҳодҳои молиявии Иттиҳодияи Аврупо қарор дошт.
Бар асоси созиши ҳосилшуда, Бонки марказии Аврупо аз ҳаққи назорати мустақими 150 бонки бузурги "минтақаи евро" бархурдор мешавад.
Мишел Барние, комиссар оид ба тиҷорати дохилии Аврупо изҳор намуд, ки "ин гоми бузург дар самти таъсиси Иттиҳоди бонкист".Акнун созишро бояд раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Парлумони Аврупо бипазиранд. Мавзӯи таъсиси Иттиҳоди бонкӣ дар меҳвари нишасти имрӯзаи сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел қарор мегирад.