Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ва Лавров ҷанги Сурияро баррасӣ карданд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров, муноқиша дар Сурияро баррасӣ кардааст. Мулоқоти онҳо дар ҳошияи як нишасти амниятӣ дар шаҳри Дублин сурат гирифтааст. Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал барои Сурия, ки дар ин мулоқот ҳузур доштааст, гуфт, ки ду тараф дар робита ба ҳалли бӯҳрон ба ҳеҷ пешрафте ноил нашуданд, вале барои ёфтани роҳи ҳалли “созанда” саъй хоҳанд кард. Амрикову ҳампаймонҳояш мехоҳанд, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аз қудрат биравад, аммо Русия мегӯяд, сарнавишти ӯ набояд аз хориҷ ҳал шавад. Дар ҷанги Сурия то кунун 38 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ва дигар ин ки муовини вазири умури хориҷии Сурия гуфтааст, қудратҳои ғарбӣ бо ин иддаъо, ки Сурия барои барои истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ омода мешавад, “барои мудохила ба умури он кишвар заминасозӣ мекунанд.”
XS
SM
MD
LG